83138 2-40-07

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ САОДАТИ МИЛЛАТ!

Норак: Андеша  

Сулҳ, ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Дарк бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам

Сулҳу якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будан мароми мардуми Тоҷикистон аст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

Сулҳу ваҳдати Тоҷикистон намунаи сулҳофарӣ дар ҷаҳон гашт, мавқеъ ва мақоми давлатамонро дар миқёси ҷаҳон устувор намуд.

 Имрўз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру имрӯзаи маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлолияти давлатии кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро побарҷо нигоҳ дошта метавонем. Маҳз дар сурати ваҳдати комилу якдилӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуд меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон изҳор доштаанд, ки «Ҳар касе ниҳоле сабзонда бошанд, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад.

 Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Онро ниҳоли Ваҳдат меноманд. Мо ин меваи ширину парвардаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯз самар оварда истодааст, ки бо он мо тоҷикон фахр мекунем.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони мо сарҷамъ омад.

Мамлакат обод шуд. Дар чеҳраи ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ нишоту хурсандӣ падидор гашт. Имрӯзҳо бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ дар ҷомеаи мо ваҳдати комил, ифтихори солими миллӣ, ҳамкории нерӯҳои сиёсию ҷамъиятӣ баҳри амнияти Ватан ва ободии кишвар ҳукмфармо гаштааст.

Месазад, ки Ваҳдати миллиро, ки омили саодати миллат аст, чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, баҳри пойдории он бо кору пайкори содиқона ҷиҳати рушди ин сарзамини ободу зебо саҳмгузор бошем!

Шулашова Ҳабиба  аъзои ҲХДТ дар  шаҳри Норак