83138 2-40-07

МЕҲРИ МОДАР

Норак: Андеша  

Модар чӣ калимаи муққадас аст, бо шунидани ин калима вуҷуди мо тапиш мезанад. Модар ганҷи бебаҳост. Ҳар як инсон аз Модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бемисл аст. Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш буданаш дӯст медорад,эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан аст.

Шоир беҳуда нагуфтааст :

                     Якшаба он ранҷ ки модар кашид,

                     Бо ду ҷаҳонаш натавон бар кашид.

Модар! Шахси муқаддас, пок, фариштаест, ки аз чашмонаш, аз тамоми ҳастияш нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад.

Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмондана нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.

Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рў, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Байти зебои Лоиқ чароғи равшани олами гуфтори мост:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар.

Дар ҳақиқат модар ягона шахси мӯнису ғамхор барои мост. Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро хушбахт созем, то ҳастем барояшон хизмат кунем. Кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад. Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд.

 Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд.

 Зинда бод Модар.

Абдукаримзода Меҳрона, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак