83138 2-40-07

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Норак: Ҳисобот  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамарӯза маҷлисҳои ҳисоботӣ доир гардида истодааст.

Тибқи ҷадвали мазкур имрӯз дар ташкилоти ибтидоии "Ҳифзи озуқа" маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки мудири шуъбаи  кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак  Ҳасанова Наргис  баргузор гардид.

Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ашӯров Сабзалӣ оид ба фаъолияти нимсолаи  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  баромад намуд.

Сипас оиди масъали дуюми рӯзномаи маҷлис Ҳасанова Наргис ба сухан баромада,  оиди ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Баъдан Ашуров Сабзалӣ  доир ба масъалаҳои иҷроиши қонуну қарорҳо, барномаҳои давлатӣ ва масъалаҳои мубрами  рӯз фикрҳои худро баён намуд.