83138 2-40-07

ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОБОДКОР”

Норак: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ санаи 21 июни соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободкор”-и шаҳри Норак маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида ш

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Ободкор” Хайруллозода Баҳодур  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва мутахассиси шуъбаи омор Мусулмонзода Сабрина иштирок намуданд. Маҷлисро муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободкор” Муллозода Ҷурабек оғоз намуд.

Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, ба роҳбарӣ гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2024 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ободкор“ Муллозода Ҷурабек  интихоб гардид.

Масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис пешниҳодшуда баррасӣ гардида, қарорҳои дахдор қабул гардид.