83138 2-40-07

ВАҲДАТ РАМЗИ САРҶАМЪӢ

Норак: Андеша  

Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳост, ки чун офтоб дар фазои Тоҷикистон ва нурест ба сӯи фардои дурахшони зиндагӣ. Кунун 26-сол мешавад, ки мардуми сарзамини мо бо шукургузорӣ аз ин неъмати бебаҳо умр ба сар мебарад. Ба ваҳдат расидан  роҳи осон набуд. Тоҷикон 8 давраи музокироти сулҳро паси сар намудааанд, ки омори расмӣ аст. То ба ваҳдат расидан мардуми кишвар ба мушкилоти зиёде дучор омода буданд. Маҳз азму талош, ҷонфидоӣ ва хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба зиндагии шоиста расидем.

Агар ваҳдати миллӣ намебуд мо ба рӯзгори осуда, раванди созандагиву бунёдкорӣ намерасидем. Яке аз омилҳое, ки ваҳдатро такмил мебахшад ин манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳаллӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ ва шахси воло донистан аст. Бояд ҳамаи мо зери идеяи миллатсозӣ мутаҳид бошем ва ин неъмати воқеанҳам арзишмандро муқаддас дониста, баҳри боз ҳам пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон азму талош намоем.

Мо ҷавонон низ бояд дарк намоем, ки ватан ва марзу бумро каси дигаре ҷуз мо обод намекунад. Дар оянда низ мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем то, ки Тоҷикистони азизамон гулнуншукуфон бошад.   

Абдукаримзода Меҳрона, мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак