83138 2-40-07

ҶАВОНОН - НЕРӮИ ПУРҚУДРАТ БА ҲИСОБ МЕРАВАНД

Норак: Андеша  

Дар аксарияти кишварҳои олам чӣ дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози рӯҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ, омода ва истифода мекарданд. Аз ин рӯ ҷавонони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт.

Аммо, баъди рушди илму технология ва кашф гардидани яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангии модели навину замонавӣ мувозинат байни нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон тағйир ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба нерӯи ҷисмонӣ, нерӯи ақливу зеҳнии ҷавонон бартарият пайдо намуд. Бинобар ин, кишварҳои алоҳида ва ҳукуматҳо дарк намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав, яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошад, ки дар ин қатор Тоҷикистон низ истисно нест.

Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд.

Нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гузарад ё ба қавли устод Абулқосим Фирдавсӣ "Пароканда лашкар наояд ба кор, дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор". Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, бо азму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад. Ғайри он, ин нерӯи бузург метавонад омили қафомонӣ, бенизомиву бетартибии ҷомеаву давлат ва паст гардидани обрӯву нуфӯзи давлат дар минтақа ва арсаи ҷаҳон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз, ҷавонон бояд ҷавобан ба ғамхориҳову дастгириҳои давлату ҳукумат, барои ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Чуноне, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, "Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиамон сафарбар созанд".

Аҳлиддин Шамсов, муовини раиси ТҶҶ “Созандаголни Ватан”-и Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар шаҳри Норак