83138 2-40-07

Ҷавонон тақдирсози роҳи имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошанд

Норак: Андеша  

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки қисмати асосии аҳолии кишварамонро маҳз ҷавонон ташкил дода, аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус равона гардида истодааст. Воқеан, рў овардан ба ҷавонон ва такя ба онҳо дар аксари кишварҳо ба назар мерасад, зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд.

Ҷавонон насли пешбарандаи ҷомеаи муосир, ворисони арзандаи давлату миллат, тақдирсози роҳи имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа аҳамияти хоса зоҳир намуда, борҳо дар мулоқоту вохўриҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷавонон ояндаи давлатанд.

Гувоҳи ин гуфтаҳо ин аст, ки ба хотири баланд бардоштани мақом ва нақши ҷавонон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кишвари соҳибистиқлоламон ботантана таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонони толеъбаланди ҷумҳуриямон самимона табрик мегӯям.

Ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд. Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа дар паёмҳои Асосгузори сулњу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.

Бешубҳа, дар ҷаҳони муосир рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Бе иштироки фаъолонаи ҷавонон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватан ҳамеша дастгирӣ менамоянд.

Барои ҳавасмандгардониву дастгирии ҷавонон тўли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентии- «Дурахшандагон» таъсис дода шуданд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонон бо нишон додани фаъолияти хуби илмӣ, дониши баланду маърифати комил ва мушарраф гардидан ба дастовардҳои шоён дар озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар баланд бардоштани эътибори ҳамсолон дар ҷомеа саҳми худро мегузоранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон эътимоди ќавӣ дошта, дар яке аз баромадҳо таъкид намудааст: «Мо умед дорем, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёди миллатсозӣ ва ватансозию ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъол мекунанд. Зеро насли ҷавон бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фароху андешаи мустақил ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан эҳсос намуда, ҷиҳати ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, ки аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррўзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.

Хайруллозода Баҳодур,   муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак