83138 2-40-07

ТОҶИКИСТОН ХУД КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ

Норак: Андеша  

Мусаллам аст, ки беҳтарин неъмате, ки ин миллат дар тӯли беш аз 31 соли Истиқлоли хеш соҳиб гардидааст, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба Ваҳдати комили ҷомеа мебошанд, ки бо заҳмат ва ҷоннисориҳои фарзанди закиву қавииродаи миллати куҳанбунёди тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Маҳз ҳамин дастовардҳои беназири миллӣ буданд, ки дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, алалхусус дар самти дастгирии қишри ояндасози ҷомеа яъне, ҷавонон дигаргуниҳои чашмрас ба даст омадаанд.

Албатта, ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди калон мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавон гуфт, ки масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонони кишвар, шахсан дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки далели гуфтаҳои мазкур қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қабул гардидани чандин барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон буда метавонанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ дар яке аз Паёмҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин зикр намудаанд, ки «Мо аз ҷавонон умеди калон дорем, зеро дар оянда масъулияти давлатдорӣ ва рушди кишвар бар уҳдаи онҳо меафтад», яъне Пешвои миллат имрӯз дар симои ҷавонони кишвар зимомдорони ояндаи ин миллати таърихиро мебинанд, ки албатта ин омил аз ҳар ҷавони огоҳи меҳани азизамон, зирракӣ, худогоҳӣ ва умуман масъулиятро тақозо дорад.

Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти роҳбарии кишварро ҷасурона ба даст гирифт ва бо талошу иродаи бемисли худ боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон натанҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба як силсила дастовардҳое ноил гардидааст, ки омӯзиш ва ҳифзи онҳо пеш аз ҳама қарзи имониву инсонии ҳар фарди бедори Тоҷикистон алалхусус ҷавонон мебошанд.

Бо назардошти ин омил ҳар як фарди огоҳи ҷомеа, алалхусус мо ҷавонони закии ин меҳанро зарур аст, ки ҳарчи бештар қобилияту истеъдоди худро дар муқовимат бо чунин зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир сарф намуда, фарзанди содиқу вафодори халқу миллат ва қобили боварии Пешвои муаззами хеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.

Азамат Зайниддинов, узви фаъоли ҲХДТ дар шахри Норак