83138 2-40-07

ОИЛАИ СОЛИМ – ҶОМЕАИ СОЛИМ

Норак: Андеша  

 

Муҳаббату садоқат ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ, самимияту вафодорӣ аз ҷумлаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ маҳсуб меёбанд. Рукни асосии ҷомеа аз оила сарчашма мегирад. Ҷомеа замоне обод мешавад, агар оила солим бошад.

Мард сарвари хонавода ва зан сарпарасти хона аст. Чунончи дар урфият ҳам мегӯянд: шахсро ба оилааш назар бинамо. Аз ин рӯ, танҳо нафари хирадманду таҳаммулгаро метавонад оилаи солим бунёд намояд. Фарзандони муваффақу комёб самараи оилаи солиманд, чунки таълиму тарбияи дурусти онҳо ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст. Марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ҳастанд, бегуфтугӯ соҳиби оилаи хуб ва фарзандони намуна гашта метавонанд. Дар асл, бунёди оилаи солим кори саҳл нест ва аз волидон масъулияти гаронеро тақозо мекунад. Ҳам мард ва ҳам зан метавонанд дар фазои муҳаббату якдигарфаҳмӣ оилаашонро мустаҳкам нигоҳ доранд.

Якдигарфаҳмӣ дар сурате пайдо мегардад, ки дар оила меҳру муҳаббат ва эҳтиром нисбат ба ҳамдигар ҳукмфармо бошад. Дар ин сурат ин оила солим дониста мешавад.

Ҳаёт талаб мекунад, ки мо бояд барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб фарзандонро маҳз аз боғча, муассисаи таълимӣ ва донишгоҳҳо ба ҳаёти мустақилона омода намоем. Барои он ки оила солим бошад, ба ин масъала диққати махсус додан зарур аст. Зиндагии мо аз оилаву оиладорӣ оғоз меёбаду дар асоси он рушд мекунад.

Ҳарчанд соатҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳар соати дарсиву соатҳои кураторӣ дар донишгоҳҳоро самаранок истифода барем ҳам, лекин сабаби сар задани ин камбудиҳо дар оила мушоҳида мешавад.

Вазифаи аввалиндараҷаи зану шавҳар, пеш аз ҳама, дуруст намудани рафтору кирдор ва гуфторашон дар назди фарзандон аст. Ҳурмати тарафайни зану шавҳар бояд назаррас бошад, чунки кӯдакон дар оила аз муносибати падару модар тарбия мегиранд. Волидон дағалгуфтор бошанд, кӯдакон низ бо асабоният ва инҷиқӣ муносибат мекунанд. Ё ин ки тарсончак шуда, канораҷӯӣ намуда, одамгурез мешаванд. Яъне фарзандон муносибати волидонро дида, аз рӯи он амал мекунанд. Дар оянда низ дар рафти оиладорӣ он чизе дидаву мушоҳида намуда ба воя расидаанд, истифода хоҳанд бурд.

Сару либоси ба фарҳанги мо бегона, масалан шими даридаву бо сӯрохиҳои сари зону, пойафзоли варзишӣ, ки бархе аз духтарон мепӯшанд, ба қавли онҳо дар мӯд аст. Ё ин ки рангубори бениҳоят зиёди чеҳраҳои онҳо ҳусни табии онҳоро мепӯшонад. Ҳатто ҳолатҳое ба қайд гирифта шудааст, ки якчанд рӯз баъди тӯйи арӯсӣ модари домод эътироз мекунад, ки келин ба монанди рӯзи арӯсӣ зебо нест ва лоиқи писарам буда наметавонад. Ана ҳамин сабабҳои ночиз боиси низои байни арӯсу хушдоман, домод ва хешу таборони онҳо мегардад, ҷанҷоли байни зану шавҳар, хушдоману келин сар мезанад.

Зану шавҳар бо сабабҳои гуногун аз ҳамдигар дилсард мешаванд. Мисол, рафтори ношоистаи зан ё мард, поймол гардидани ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби якдигар, беэҳтиромӣ нисбат ба ҳам, фош кардани асрори хонавода, ба майли худ рафтор кардани яке аз сарварони оила дар корҳои хонаводагӣ ва ҳолатҳои дигар, ки сабаби ба вуҷуд омадани буғзу кина миёни аъзоёни оила мегардад.

Ба ҳар як кори келин хушдоман хӯрдагирӣ мекунад, ё баръакс фармудаҳои хушдоман ба табъи дили хушдоман иҷро намешавад ва оқибат кор ба занозанӣ, таҳдид ва таҳқири ҳамдигар омада мерасад. Ҳамаи ин ҳолатҳо аксар вақт дар назари кӯдакони ноболиғ рух медиҳад, дар маҳалла аз ин ҳолат огоҳ ҳастанд, ҳамсояҳо медонанд, аммо бетарафиро пеша карда, дахолат намекунанд, ки оқибат ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад.

Дар урфият мегӯянд: “Аз як даст садо намебарояд” - барои бартараф кардани чунин нуқсонҳо модарони духтаронро мебояд, пеш аз ҳама ба духтарони худ ҳурмати шавҳар, иззати хонаводаи шавҳар ва кадбону буданро омӯзонанд. Хонаводаи шавҳар ба келин ҳамчун ба фарзанди худ муносибат карданро пеша намоянд. Келинро баробари духтари худ дӯст дошта, дар иҷрои корҳои рӯзгор роҳнамоӣ кунанд, омӯзонанд. Дар натиҷа тарбия ба вуҷуд меояд ва оила солиму хушбахт мешавад.

Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, вазифаи аввалиндараҷаи худ - тарбияи дурусти насли наврасро хуб ба роҳ монда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба миллату давлат ба воя расонем, барои ояндаи онҳо ва ташкилу бунёди оилаҳои солим саҳмгузор бошем.

Ҳасанова Наргис Шеровна, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак