83138 2-40-07

ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 29 апрели  соли 2023 дар муассисаи таълимии №7-и маҳалаи Кибили  шаҳри  Норак  ҳамоиш бо хатмкардагон ва омузгорони ин муассиса  зери унвони "Мактаби ман!" бо иштироки  директори  муассиса ва  раиси  маҳала доир карда шуд.

Мақсад аз баргузории вохури  ин ҳавасманд гардонии шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои тадбиқи амали барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникӣ ва бо ин васила ҷалб намудани онҳо ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтани синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо умуман мутобиқ гардонидани шароити муассиса ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.