83138 2-40-07

Ҳисоботӣ семоҳа дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстии Халқҳо”

Норак: Ҳисобот  

Санаи 20  апрели  соли ҷори аз трафи масули КИ ҲХДТ шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии “Дустии Халқҳо”-и  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид. Қайд гардид, ки ташкилоти  ибтидоии  “Дустии Халқҳо” дар  давраи  ҳисоботӣ  фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.  Ташкилоти мазкур дар таълиму тарбияи наврасон нақши назарас дорад. Саҳми ташкилот ҷиҳати баргузории чорабиниҳои фарҳанги ва сиёсии шаҳр арзёбӣ мегардад. Гуфта шуд, ки ташкилоти мазкур 19  нафар аъзо дошта, аризаҳои иловагӣ барои қабул ба узвияти ҲХДТ дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

Дар фарҷоми  маҷлис  аз тарафи раиси ташкилоти ибтидои Самдова Маърифат оид ба тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо ҳамсафон ибрози андеша кард.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки ташаккули маърифату фарҳанги сиёсии мардум бояд дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии мо қарор дошта бошад. Ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташакулли фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои ҳизб ба фаъолияти доимии ташкилотҳои ҳизбӣ бояд табдил дода шавад. Фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал  татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии  ҲХДТ  ҳар  як  аъзои  ҳизби  ташкилот  бояд саҳмгузор бошад.