83138 2-40-07

Занон зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор доранд

Норак: Андеша  

Дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23-уми декабри соли 2022 баргузор гардид, бевоситаи дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ гуфта шуд.

Аз солҳои аввали истиқлолият проблемаи беҳдошти шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор дорад. Пешвои миллат дар паёми навбатии худ бори дигар таъкид намуданд, ки иштироки занони кишвар дар корҳои давлатдорӣ соҳаҳои  иқтисодиёт ва иҷтимоиёт назаррас мебошад. Имрӯзҳо занҳои тоҷик дар соҳаҳои маориф, тиб ва дигар корхонаҳо фаъолияти беандоза доранд.

Чӣ тавре, ки Пешвои миллат қайд намуданд бори вазнини зиндагӣ имрӯз дар души занон мебошад .Ҳамзамон Сарвари давлат «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки ба масъалаи истифодабарии самараноки нерӯи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва  ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва инчунин ташвиқи онҳо ба донишандӯзӣ аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ гуфта гузаштанд.

Инчунин қайд намуданд, ки вакилон аз ҳисоби занон дар маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои шаҳрӣ ва ҷамоату деҳот нисбат ба солҳои гузашта зиёд шудааст.

Имрӯз зани тоҷик дар қатори мардон дар ҳамаи соҳаҳо кор ва фаъолият намуда,  барои тарбияи фарзандон саҳми беандоза доранд.

Мо занони неругоҳ аз ғамхори ва таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи сарвари давлат нисбат ба мақоми зан дар ҷомеа бениҳоят сарбалан ва сипосгузорем, қавл медиҳем, ки дар зери Парчами Тоҷикистони азизамон саф  кашида барои халқу ватани азизамон хизмат мекунем.

Давлятова  Қурбонмоҳ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак