83138 2-40-07

ХИЗМАТ БА ВАТАН ВА ҲИМОЯИ ОН ҚАРЗИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ.

Норак: Андеша  

Хизмат ба Ватан  қарзи ҳар як шаҳрванд  буда,  далерию ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар як нафари бонангу бо номусро  талаб мекунад. Хизмат дар  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   боиси  ифтихору  сарбаландист. Маҳз дар  ин ҷо  ҷавонписарон  шуҷоату   меҳнат, далерию  ҷасурӣ, ҷавонмардию мардонагиро  омӯхта, муассисартарин, муқаддастарин  арзиши ҳаёт, самимона  ва содиқона  дӯст доштан  ва  муҳофизати  хоки поки  Ватани азизро   меомӯзанд, ёд мегиранд.  Артишро чун мактаби мардонагӣ ва обутобёбии   ҷисму руҳ  тавсиф  карда, дар он ҷо   сарбозон ҳамарӯза тамринҳои низомӣ мегузаронанд, то марзу буми кишвари азизамонро ҳимоя  намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум  вазифаи артиши нерӯманд аст, ки маҳз ҷавонони  шуҷоатманд  метавонанд  инро ташкил диҳанд.

Ҳеҷ як давлат  бе лашкари бонизому тавоно  вуҷуд дошта наметавонад. Чунончи,  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар  Паёми  худ гуфтаанд:  “...ба ҷовонони бонангу номус  ва  худшиносу  ватандӯст  муроҷиат карда  бори дигар таъкид   менамоям, ки  ба мардуми   шарифи тоҷик  ва  Ватани мабубамон Тоҷикистон,  инчунин   ба хотири ободии  сарзамини   аҷдодиамон,  ҳимояи манфиатҳои миллату давлат   бо дасту   дилу нияти пок  ва содиқонаву  поквиҷдонона хизмат кардан  вазифаи  фарзандӣ  ва қарзи инсонии  ҳар яки мо мақсаду мароми мост! ”

Аз ин рӯ мо вазифадорем, ки  фарзандон  ва насли ояндаро  дар руҳияи   ватандӯстию  ватанхоҳӣ, ҷавонмардию  далерӣ тарбия  намоем. Бояд наврасону ҷовононро ҳанӯз аз овони мактабхонӣ  ватандӯсту  худогоҳ тарбия  намуда, ба хизмати Ватан   омода кард. Ҳадафи   тарбияи ватандӯстӣ  ва  худшиносии   миллӣ омода  намудани   муҳофизони  ояндаи  Ватан, фарзандони шуҷоу  далер,  матиниродову  қавӣ, зираку  ҳушёр  ва  бономусу  нанг  маҳсуб меёбад. Дар ҳақиқат  ба модар- Ватан  ҳар қадар хизмат намоем ҳам, кам аст. Ҳифзи Ватан  дар ҳар  давру  замон олитарин, барҷастатарин, бебаҳотарин  вазифаи ҳар як  фарзанди  бонангу  номус  ва  шарафманду  равшанфикр аст.

Мардуми тоҷик  аз азал  бо ору номус,  бонангу  бошараф  буд, ҳаст ва хоҳад монд. Таърих гувоҳ аст, ки  ҷавонмардони тоҷик  барои дифои модар, хоҳар, фарзанд, зодгоҳи аҷдодӣ  қаҳрамониҳои зиёде  намудаанд,  ҷони худро   бедареғ   барои Ватан  нисор намудаанд. Имрӯз  низ  бо боварии комил  гуфта  метавонам, ки  ҷавонписарони   тоҷик  омодаанд  ба хизмати  модар – Ватан   саф  кашида,  савганди   садоқатро  шиори худ  қарор дода, Ватани ҷоноҷониамонро  ҳифз намоянд.  

 Ба номи поку  ба эҳсони  Кирдигор  қасам!

Ба рӯшаниву  ба гармӣ, ба навбаҳор  қасам!

 Ба осмони  пур аз  нури ин диёр қасам!

 Ба ному  нангу  ба номусу  ифтихор қасам!

Ҳамеша ҳаст  дили ман  ватан барои Ватан,

Сари баланду  тану ҷони ман  фидои Ватан.

Санавбар Одиназода,   вакили Маҷлиси вакилони  халқи ш. Норак