83138 2-40-07

ХОНИШИ СИЁСӢ БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОН

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Идомаи хонишҳои сиёсӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва хонишҳои сиёсӣ бо волидайни хонандагон ҷавонони 14-16, 17-18 сола, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5- и шаҳри Норак баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи қуввахои мусаллахи Ҷумхурии Точикистон, оид ба пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуб, ҷинояту ҷинояткорӣ иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, ва ҷалби онҳо ба илмомӯзию донишандузӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.