83138 2-40-07

Рӯзи ёдоварӣ дар Норак

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Норак дар деҳаю маҳаллаҳо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр, аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ ёдоварӣ” доир карда шуд.

Дар ин рӯз беш аз 85  нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи  маҳаллаҳо барои тоза намудани гирду атроф ва дохили  он баромада, саҳми арзандаи худро гузоштанд.