83138 2-40-07

ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша- чорабиниҳои  ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Роҳбалад”-и шаҳри Норак бо мақсади ҷангалпуш намудани талу тепаҳои шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ва бо ҷалби аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Норак  санаи 7 марти соли равон  маъракаи ниҳолшинонӣ доир карда шуд.

Дар доираи ҷангалпуш намудани талу теппаҳои Ҷамоатҳои деҳоти  Дӯконӣ ва Пули Сангини шаҳр зиёда 2300 бех ниҳоли ҳамешасабз, ороиши ва сояафкан шинонида шуданд.