83138 2-40-07

МО НИЁЗ БА ФАРҲАНГУ ЛИБОСИ БЕГОНА НАДОРЕМ!

Норак: Андеша  

"Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд".

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Баробари фарорасии фасли зебои баҳор талабот аз ҷониби занону духтарон ба лисбосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атлас зиёд мегардад. Либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Моро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиамон мешиносанд. Бинобар ин мо бояд унсурҳои миллию хосаи худро дошта бошем. Бояд қайд намоем, ки ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хосро талаб намуда, дар ҷойҳои хосса ба бар карда мешавад, ки донистани ин барои занону духтарон хело ҳам муҳим мебошад.

Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

Мо мардуми тоҷик расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишварамон аз солҳои пешин доштем. Баъди он солҳои охир мо мебинем, ки аз тарафи занони тоҷик пӯшидани либосҳои ба миллати мо бегона хеле зиёд шуд. Гуфтанӣ ҳастам, ки модарону хоҳарони мо бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд ва барои равнақи расму анъанаҳои гузаштаи мо вобаста ба пӯшидани сару либоси миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, на балки либоси мардуми бегонаро тақлидкорӣ намоянд.

Чӣ тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд. Имрӯзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мӯди хориҷии барои мо носозгор рафта, либосҳое ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс, ҳусни зебои онҳоро коста мекунад. Дар робита ба ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рӯзи модарон чунин таъкид карданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Яке аз рукнҳои ҳуввияти миллӣ агар забон бошад, рукни дигараш либос ба ҳисоб меравад.

Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯр-кӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Зуҳро  Ҳакимзода, узви  ҲХДТ дар шаҳри Норак