83138 2-40-07

Паём барои соҳибкасб намудани шаҳрвандон мусоидат мекунад

Норак: Андеша  

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамояд. Дар ҳама Паёмҳои Пешвои миллат  кулли  сохторҳои  Ҳукумат ва  натиҷаҳои кору фаъолияти онҳо  мавриди таҳлил  қарор ёфта, фаъолияти тамоми самтҳои хоҷагии  халқ, нақшаву дурнамои онҳо тарҳрезӣ ва вазифагузорӣ мешавад.

      Дар Паёми навбатӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст.

     Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон масъулонро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ  лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.

Дар ин ҷода таъсис додани ҷойҳои  корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад.

     Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯйӣ менамояд.

     Дар ин самт зарур аст, ки ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори  меҳнат  зарурӣ  фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Аз ин рӯ, мо-  вакилон  супоришҳои дар Паём  овардаро сармашқи  кори худ карда, ба мардум тарғиб намуда, дар татбиқи он  кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Ғафурзода  Фирӯз, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак