83138 2-40-07

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПОЯҲОИ УСТУВОРИ МИЛЛАТ

Норак: Андеша  

Боиси ифтихор аст, ки аз фаъолияти пурсамари нерӯҳои пурқувват ва боэътимоди кишвар, яъне Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гардида, дар сафи он ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи арзандаи хешро гузошта истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳарбиён ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлол, пойдории субот ва сохти конститутсионӣ корнамоиҳои неку ибратбахш доштанд, ки фаромўш нахоҳем кард. Ба вижа дар чандин амалиёти ҳарбӣ, ки қасди душман барканории сохти конститутсионӣ буд, ҷонбозиҳо кардаанд.

Агар ба таърихи таъсис ва бунёдгузории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар намоем, мебинем, ки поягузор ва ташаббускори он Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Қобили қайд аст, ки парастиш ва дӯстдории Ватан барои ҳар як соҳибватан муқаддас буда, дӯстдории он ин нишони садоқат ва имондории ҳар як шаҳрванд мебошад. Зеро ҳар як нафари ватандўст ба хубӣ дарк менамояд, ки маҳз дар ватанаш вай чӣ будани дасти навозишкоронаи падару модар, дӯстдории хоҳару бародарро фаҳмидааст.

Чӣ тавре Пешвои миллат борҳо дар баромадҳои худ зикр намудаанд, ки “Ватанро ба ҷуз мо каси дигаре обод нахоҳад кард, зеро дар ин сарзамин мо зиндагӣ менамоем ва ҳифзи марзу буми он қарзи ҷонии ҳар яки мост”.

Ватанро дӯст доштан ин халқи худро дӯст доштан ва ба таърихи он эҳтиром гузоштан мебошад. Ватанро интихоб намекунанд, балки барои ояндаи вай, оромиву тараққиёташ масъулият мебаранд. Чӣ тавре ки ҷисми одам ҳангоми бо ҷон ҳамроҳ будан зиндагӣ менамояд, ҳамин тавр ҳар яки мо ҳамон вақт аз ҳаёт баҳрабардорӣ менамоем, агар бо халқи худ ва Ватани худ якҷоя бошему барои пешрафти он кору фаъолият барем.

Бо ҳимояи Ватан ва адо намудани қарзи фарзандии худ ҳар яки мо пуштибони хонаву дар, аҳли оила, расму оин ва муқаддасоти динии худ ҳастем.

Ватандор шахсест, ки бо таъриху анъанаҳои халқ омезиш меёбаду забони халқи худро медонад. Ба тамаддуни он эҳтиром мегузорад. Дар оби дарёҳои кишвар равони худро мебинаду дар ободии водиву сарсабзиҳои ниҳолон шукуфоии фардои худро эҳсос менамояд.

Чӣ қадар ҷаҳони ботинии мо ғанӣ бошад, ҳамон қадар мо Ватани худро дӯст медорем. Ҳимояи Ватан, адо намудани қарзи фарзандӣ, саркашӣ накардан аз хизмати ҳарбӣ, шукргузорӣ ба халқу миллат мебошад. Зеро кам нестанд, қавму халқиятҳое, ки Ватан надоранд. Солҳо барои соҳиби Ватан шудану ҳимояи забону анъанаҳои миллӣ талош менамоянд.

Муҳимтар аз ҳама Ватанро бояд беғараз, аз таҳти дил ва бо покӣ дўст дошта, ин муҳаббат набояд олудаи ғараз бошаду побанди манфиатҷӯйӣ гардад. Бояд дарк намоем, ки Ватанро ба ҷуз мо каси дигар обод намекунад. Зану фарзанд, падару модар ва тифлони маъсуми гаҳвораро ба ҷуз мо каси дигар ҳимоят нахоҳад кард. Зеро онҳо барои мо муқаддас ҳастанд. Аҳли байти мо дар назди мо арзиш доранд. Хотири ҷамъи онҳо барои мо муҳим аст.

Боварии комил дорам, ки ҷавонони шарафманду ватандўсти мо анъанаҳои беҳтарини ҳарбии ниёгонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти он, боло бурдани обрўю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони саҳми босазо хоҳанд гузошт.

 

Зебо  Мирзозода - аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри  Норак