83138 2-40-07

АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Норак: Андеша  

Дар хотираи мардуми тоҷик нақш бастааст, ки чи гуна 23-юми феврали соли 1993 аввалин Роҳпаймоии ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва афсарону сарбозони шуҷоъ, далер ва содиқи  Ватан бо як руҳияи баланди  ифтихори  ватандӯстӣ аз он ботантана гузаштанд. 

Ҳамасола ин рӯйдоди таърихӣ, санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса дар фазои орому осудаи Ватани азизамон ҷашн гирифта мешавад.

30 сол барои бунёди Артиши миллӣ бо ин тавоноӣ муҳлати  на он қадар зиёд  аст, вале давлати мо тавонист, зери роҳбарии шахсияти бузургу нотакрор, хирадманду сиёсатмадор, Пешвои  миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин муддат бо хизматҳои арзандаи худ ба дастовардҳои назаррас ноил гашт, ки дар баробари ин хизмати содиқонаю пуршарафи фарзандони бонангу ватандӯсти кишварамон низ назаррас аст.

Дар Консепсияи миллии тарбия аз  3 марти соли 2006,  №94,  ки аз 18 унсури таркибӣ  иборат аст, дар унсури 4-уми он “Тарбияи ватанпарастӣ” оварда шудааст: “Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарин тарбия мебошад, ки он дар  мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад, ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар дорад”.

“Фаромӯш набояд кард, ки – таъкид мекунад Раиси муаззами ҲХДТ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад, дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад”.

Қобили қайд аст, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони боору номуси миллат хизмати Ватан – Модарро ба ҷо оварда, баҳри осоиштагии марзу буми кишвар, таъмини волоияти қонун ҳамеша омодаанд.

Бинобар ин, ҳар як афсару сарбози шуҷои Ватан дар иҷрои вазифаи хизматӣ бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба савганди ҳарбии худ вафодор бимонанд ва сулҳу суботи  имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

Ҳасанова Наргис, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ  ҲХДТ дар шаҳри Норак