83138 2-40-07

Пешвои миллат бунёдгузори давлати тоҷикон

Норак: Андеша  

                             

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи  давлатдории тоҷикон, дар даврони барои миллати тоҷик ниҳоят муҳим, имтиҳони бузурги ватандориро бо талошу заҳматҳо,  иродаи қавӣ ва бемисли худ тавонист бар зидди ҳамагуна хатар ва  нобудии давлат,  инчунин парешонии миллат истодагарӣ намуда, барои давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор гузошта, миллати парешонгаштаро сарҷамъ, пояҳои давлатдориро мустаҳкам намуда, роҳи ояндаи давлатдории миллии моро устувор сохт.                 

Баъди   он, ки душманони  дохиливу  хориҷии  мо дар  Тоҷикистон  оташи  ҷанги  таҳмилии  шаҳрвандиро  барафрӯхтанд, ин  таъбири  хирадмандонаи  Пешвои  миллат  ба  ояндаи  нек  сулҳу  салоҳ  дар  ҷомеа  асос  гузошт.  Аз  рӯзҳои  аввали  роҳбари   давлат   интихоб  шуданашон  парешонии  ҷомеаи   Тоҷикистон  ва  дилҳои   пур  аз  кинаву  хусумати  одамони  минтақаҳои   гуногуни    онро   беҳтар   аз  дигарон,  равшантар,  дақиқтар  эҳсос   менамуданд  ва  суханони  худододи   дар  он  лаҳза  гуфтаашон, ҳамватанони   ба  гирдоби  фоҷиа   гирифторро   хоҳу  нохоҳ  ба  андеша,  ба  андеша  рӯй  овардан  ба  ваҳдат  ва  даст   кашидан  аз  худкушӣ  водор  сохтанд.  Ояндаи   неки  давлату  миллатро   дар сулҳу  салоҳ  мебинанд  ва  пайваста  ба  дигарон  талқин  менамоянд.  Асоси  ин  ниятҳои  нек  ва  ватанпарастонаро,  ки ҳамдиёрону  дӯстонро  ва  ҳатто  рақибони  таърихии  моро  дар  тааҷҷуб   овардааст,  ғояи  Ваҳдати  миллӣ  ва  эҳёи  Тоҷикистон  ташкил  медиҳад.  Таърихи  башар  гувоҳ  аст, ки чунин  ғояҳо  дар  садсолаҳо  ва  ҳато  ҳазорсолаҳо  як  бор  тавлид  ва  амалӣ  мешаванд  ва  асосгузору  амаликунандаи  онҳо  фардҳои  аз  ҷиҳати  маънавиӣ  ва  зеҳнӣ  пурқувват  мебошанд. Воқеъанд, Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ -  Пешвои  миллат ,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дорои  чунин хислати  накӯ  ва  фарҳанги  олӣ мебошанд.                    

Дар тўли 30 соли соҳибситиқлолӣ Тоҷикистон мардуми соҳибхиради мо  зери сиёсати одилонаи Эмомалӣ  Раҳмон тавонист роҳи басо пурпечу тобро тай намуда,  дар ин муддат ба дастовардҳои зиёд  дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ муваффақ гардидем.                                   

Маҳз бо хизматҳои хастанопазирии худ Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба миллати худ  аз он ҷумла ба занону ҷавонон дар арсаи ҷаҳонӣ обрў ва нуфузи бузург бахшад. Имрӯз бо сиёсати сулҳпарваронаи ин фарзона фарзанд, сулҳи ба дастовардаи тоҷиконро оламиён орзу менамоянд.                                                  

Ҳамин аст, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон мешиносанд.  Имрӯз хидматҳои бузурги  Эмомалӣ Раҳмонро  дар ҳаққи миллати тоҷик бо хизматҳои бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ дар як радиф медонад. Дар ҳақиқат агар Исмоили Сомонӣ аввалин маротиба давлати Сомониёнро бунёд гузошта, мардуми  тоҷикро муттаҳид сохта бошад, пас аз ҳазор соли бедавлатӣ

Эмомалӣ Раҳмон тавонист дубора миллати тоҷикро муттаҳид намуда, давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳифз намояд. Таърих гувоҳ аст, ки ноил гардидан ба унвони наҷотбахши миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ҳам ҳамин хизматҳои Сарвари давлат мебошад, ки дар ҳақиқат дар замони парешонӣ миллатро наҷот дода, сулҳу ваҳдатро пиёда сохтанд. Миллати роҳгумкардаро роҳи  росту ҳақиқати зиндагиро нишон дода, баҳри пойдории зиндагии шоистаи мардум талош варзида истодаанд.                                                                   

Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон дар хизмати халқ ва ҳамеша тарафдори адолат ва ободии Ватан буданд ва то имӯз пайи ободии ин сарзамини аҷдодӣ талошҳои бемисл намуда истодаанд.  Бояд фаромӯш накард, ки муваффақиятҳои халқамон  бевосита бо ном ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳанг аст.  Мо, мардуми муваффақи тоҷик, хусусан модарон,  имрўз ифтихор аз он дорем, ки дар замони сарварии фарзанди оқилу доно, баномусу баор, ватандӯсту ватанпарвар, халқдӯсту халқпарвар, ҷонфидо барои миллат, Пешвои маҳбуби миллати тоҷик  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон зиндагонӣ мекунем ва ба ў мадҳу сано мегўем. 

 

Ғуриева Муслима, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак