83138 2-40-07

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар моҳҳи январ ва феврали соли 2023

Норак: Андеша  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Норак  дар моҳи январ ва феврали  соли 2023  фаъолиятро дар асоси дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии заминавӣ ва бо дарназардошти татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии ҳизб ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расонид

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 5.1-и Оинномаи ҲХДТ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ гуруҳҳои вакилии ҳизбӣ таъсис дода мешавад. Дар асоси талаботи мазкур ва қарори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар назди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак  гуруҳи  вакилӣ аз ҳисоби вакилони ҳизбӣ, ки 40  нафарро ташкил медињҳад, таъсис дода шудааст:

   2  нафар -  Вакили Маҷлиси  Вакилони Халқ  дар  вилояти Хатлон

  40  нафар - Вакили Маҷлиси  Вакилони Халқи  шаҳр 

  75 нафар  - Вакили Маҷлиси  Вакилони Халқ дар ҷамоатҳо

Дар моҳи январ бо иштироки вакилон, масъулон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯриҳо доир карда шуда, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум расонида шуд.

Бо иштироки  вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад  дар моҳи январ  бо сокинони шаҳри Норак  4 вохӯрӣ оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Ҳамчунин Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад аз хонаи сарбозе, ки дар муноқишаҳои сарҳадӣ баҳри дифои Ватан ҷон бохтааст, дидан намуда, ҳамзамон ба оилаи сарбоз  кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ таъмин намуд.

Ҳамчунин, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба оилаи сарбози шаҳид кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Аз тарафи вакилон 18 андешаҳо оид ба нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сомона интишор карда шудааст.

Маҷлисҳои ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ “Нурофарон”, “Нурафшон”, “Роҳбалад”, “Ворисони Сино”, “Шифокорон”, “Барқчиён”, “Маорифчиён”, “Обтаъминкунӣ” “Ҳифзи саломатӣ” ва дигарон  ба роҳ монда шуд, ки дар он  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак иштирок намуда, масъалаҳои пешбинишуда дида баромада шуда, нақша ва вазифаҳо барои давраи соли ҷорӣ тасдиқ гардид.

Инчунин,  амалиёти  муштараки ҲХДТ ва Вазорати  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба таҳкими  низоми таълиму тарбия дар  муассисаҳои  таълимии ҳудуди  вилояти  Хатлон  дар доираи  ташаббусҳои  ҳизбӣ “Соати сиёсӣ” ва  “Мактаби ман”  бо  иштироки фаъолонаи вакилон, собиқадорон, омӯзгорон, хатмкунандагони  муассисаҳои  таълимӣ, раисони маҳал ба роҳ монда шуда, иҷро гардида истодааст.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аҳли ҷомеаро  ба анҷом додани  амалҳои  хайр ва  ғамхорӣ  нисбат  ба табақаҳои  ниёзманди  аҳолӣ, аз  ҷумла  собиқадорони  меҳнат, маъюбон, беморон даъват намуда, дар  таъмини ҳифзи  иҷтимоии  онҳо  пайваста  иқдомҳои  хайрхоҳона  зоҳир  менамоянд.

Санаи 4 феврали   соли  ҷорӣ   кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба аёдати  собиқадори  меҳнат   Саидов Мукаррамки айни ҳол дар бистари беморӣ қарор доранд, ба  манзили  онҳо  рафтанд.

Зимни аёдат  ба оилаи мазкур кӯмаки  яквақта  аз тарафи  Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ расонида  шуд.       

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар соли 2023 аз тарафи шуъбаи занон ва ҷавонон  дар якҷоягӣ бо ҳайати гуруҳи таблиғотии ҳизбӣ оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни сокинони шаҳр  мулоқоту вохўриҳо гузаронида шуда, инчунин вобаста ба иҷрои қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар байни сокинони маҳаллаҳо низ  вохўриҳои судманд ва  ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг” дар моҳи феврал бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил  дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври шаҳрии озмуни вилоятии "Суруди Алла" таҳти унвони "Алла-ифшогари орзуҳои Модар" баргузор гардид.

Ҳамзамон вобаста ба ҳамин мавзуъ дар толори маҷлисгоҳи САҲШ –и шаҳри Норак бо 23 нафар оилае, ки барои бекор кардани ақди никоҳашон даъво доштанд, суҳбат баргузор гардид. Зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ 2 оила аз нав барқарор карда шуд.

Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак Хоҷаев Мансур Пирумшоевич дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лангар-1” МТМУ-и №2 оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон –оинаи таърихи миллат” бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир намуда, ҷиҳати ҳавасмандкунии хонандагон тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби худ барои ғолибони озмуни мазкур туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ ҷудо намояд.

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар моҳи феврал  Аксияи ҳизбии “Ободии диёр мароми мост” ва  3 шанбегӣ  гузаронида шуд.

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзиди баҳор  санаи  8 феврали   соли ҷорӣ дар кӯчаву маҳалаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии Пули Сангин” ҳашари дастаҷамона доир гардид, ки дар он аъзоҳо ва ҷонибдорони  фаъоли ҲХДТ фаъолона ширкат  варзида, барои тоза нигоҳдоштани кучаву маҳалаи худ саҳми арзанда гузоштанд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Тутқавул” дар  якҷоягӣ бо  аъзо, ҷонибдорони ҳизб  ва Кумитаи  иљроияи  Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар шањри Норак  бо иштироки  кормандони  Кумитаи ичроия  волонтёрон,  ТҶҶ “Созандагони  Ватан” ва  ташкилотҳои  ҳизбӣ  ҳашари  дастаҷамона   ташкил  намуда, ба  корҳои  тоза  кардани  роҳу  кӯчаҳо,  соҳили  дарёҳо, хиёбону  боғу  гулгаштҳо  ва  ҷойҳои  ҷамъиятиро  ба роҳ  монда,  дар  ободониву  тозагии  шаҳр  ҳиссаи  хешро  гузарониданд.  Ниҳолу буттаҳои сояафкану мевадиҳанда бо мақсади  сарсабзу хуррам ва озода гардонидани муҳити зист, дар қад-қади шоҳроҳҳо, ҷӯйборҳои байни кӯчаҳо, оромгоҳҳо ва талу теппаҳо  шинонида шуд.

Ҳамин тариқ ҳар  ҳафта аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Норак  ҳашари дастаҷамона бо иштироки  волонтиёрон,  ТҶҶ “Созандагони  Ватан” ва  ташкилотҳои  ҳизбӣ ба нақша гирифта  шудааст. 

Дар моҳи январ ва феврал 95  мавод  доир ба  мавзӯҳои  гуногун таҳия гардидаву дар сомона интишор карда шудааст. Аз инҳо:

25 – вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат

30 –амалиёти “Соати сиёсӣ”

8 – ҚҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

7 – ҚҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

5 – дар бораи пошхӯрии оилаҳо аз рӯи Барномаи давлатии “Зӯроварӣ дар оила”

8- ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

12 – пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ

Дар соли нави 2023  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  фаъолияти хешро назаррас ва аз рўи усули нав ба роҳ монда, мунтазам кӯшиш менамояд, ки ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, хоса роҳбарияти Олии ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи маҳал пурра дастгирӣ ва амалӣ намуда, дар ҳамаи самтҳо фаъол ва назаррас бошанд ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гиранд.

      Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак