83138 2-40-07

Андешаҳо оиди нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Норак: Андеша  

Паёми навбатии Пешвои миллат, ки фарогири таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаҳои иќтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маданӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ ва амнияти кишвар мебошад, бо зикри асоситарин дастовардҳои муҳими соли 2022  ва вазифаҳои пурмасъулият барои амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешистода ироа гардид.

Яке аз самтҳои муҳим дар дар Паёми навбатӣ ин буд, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.

Ҳоло 98 фоизи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд.

Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба нерӯгоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад.

Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо маърифату хирадмандии худ  панҷ ташаббуси танҳо дар соҳаи об ва иқлимро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастаҷамъӣ қабул гардид.

Ободию сарсабзии Ватани азизамон, сулҳу суботи он барои мо чун ҳадяи беназирест. Мо ҷавонон барои амнияти Тоҷикистони азизамон,  барои пешравию рушди босуботи кишварамон  аз сидқи дил меҳнат карданамон зарур аст.

Ҳар як сокини кишвар ба қадри ин ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, ҳамаи қувваю нерӯи худро баҳри омӯзишу аз худ намудани илмҳои замони муосир равона сохта,  дар оянда номбардори ин миллати тамаддунофар гарданд.

Исоқов Саъдӣ, вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Норак