83138 2-40-07

ВАҲДАТ-НОМАИ ТАҚДИРИ МИЛЛАТ

Норак: Андеша  

Миллати тоҷик шукронаи ин сарзамин ва шукронаи тинҷию амонии ин Ватани биҳиштосоямон намудан лозим.Чунки вақте ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон ба амал омад,шахсе лозим буд,ки барои сулҳу суботро дар ватанамон танинандоз намуданаш лозим буд,то аз баҳри ҷони худ гузарад баъд пеши ҷанги шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирад.

Фарзанди барӯманди миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз баҳри ҷони худ гузашта сулҳу суботро дар ватанамон ҳукумфармо намуд.Қадаҳои нахусти роҳбари давлат буд,ки ҷанги шаҳрвандӣ аз байн бурда шуд, таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллатро имрӯзи дар арсаи ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Коста - Рика курси сулҳофарӣ барои Дипломатҳо ва дар Донишгоҳи давлатии Москва ҳамчун курси махсус барои магистрантҳо омӯхта мешавад.

Яъне Ваҳдати милли натанҳо боиси қатъи ҷанги шаҳрвандӣ гардид, балки боиси наҷоти миллату давлати мо гардид. Вақте сухан ба перомуни ваҳдати миллӣ, расидан ба сулҳу суботи комили ҷомеа ва таъмини фазои ҳамдиливу ҳаммаромӣ дар кишвар меравад, пеш аз ҳама дар назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, меъмори сулҳу ваҳдат ва наҷотбахши миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилвагар мешавад ва бо ифтихор гуфта метавон, ки Ваҳдат самараи талошҳои Пешвои муаззами миллат аст.

Воқеан, сарсупурданҳо, ҷоннисориҳо, ҷони худро ба гарав гузошта ба минтақаҳои ҷангзадаву кишвари гирифтори ҷанг ба хотири сулҳу субот сафаркарданҳо, аз худ гузаштанҳои Роҳбари давлат буд, ки дар Тоҷикистони маҳбуби мо сулҳу оромӣ пойдор гардид, фирориҳо ба Ватан баргаштанд, ҳазорон иншооти иҷтимоӣ аз нав барқарор шуд, ҳазорон километр роҳҳову пулҳову нақбҳо сохта шуданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кард ва садҳо дастоварди дигар, ки бо чашми сар мебинему бо гӯши худ мешунавем.

Ба майдон омадани Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ҳамчун иттиҳоди ихтиёрии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ҷиҳати истиқрори сулҳ ва таҳкими муттаҳидии миллат амри зарурӣ ва воқеӣ унвон дода, нақши онро аз ибтидои таъсисёбӣ то имрӯз дар таҳкими раванди ваҳдати миллӣ, устувории суботи иҷтимоӣ ва таъмини муносибати мутавозини миёни ҷомеа ва давлат калидӣ унвон дод.

Зикр карда шуд, ки Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳимоятгари манфиатҳои олии ҷомеа, пеш аз ҳама ваҳдати комили миллат ва эҳёи Тоҷикистон аст, ки ин ду ғоя дар масири дигар манфиатҳои миллӣ мавқеи хосса ва тақдисозро дорост. Аз ҳамин сабаб, аз ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятию давлатӣ, эҷодию касбӣ, миллию динӣ, илмиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву байналмиллалӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои Ҳаракат даъват менамоем ва умеди онро мекунем, то дар якҷоягӣ ба муроди хеш бирасем.

Зайнидинов Азамат –раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ “Варзиш”-и шаҳри Норак