83138 2-40-07

Ватандорӣ сар мешавад аз гоҳвора...

Норак: Андеша  

                                                                        

  Чи тавре  мегўянд :”Ватан сар мешавад аз гоҳвора”. Дар ҳақиқат, тарбияи ватандўстиву миллатдўстӣ аз оила сарчашма гирифта, баъдан дар муассисаҳои таълимӣ идома меёбад.  Имрўз, хушбахтона,   китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ  ба талаботи  давру замони истиқлол ҷавобгў мебошанд. Нахуст, вазифаи асосии мо ташаккули   насли  дорои  масъулияти баланди ватандорӣ,  маърифати ҳуқуқӣ,  фарҳанги устувори сиёсӣ, бо  ахлоқи ҳамида, ватанпарасту инсондўст мебошад. Тарбия намудани  насли донишманду соҳиби касбу ҳунари ба талаботи замони муосир  ҷавобгў,  ки  василаи  ба  ояндаи дурахшони  кишварамон расидан аст.

Дар байни ҷавонони имрӯза ҳастанд нафароне, ки бо донишу фарҳанг ва қувваю бозӯи рустамонаи хеш ному шарафи миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Ё худ дар соҳаҳои гуногуни илм, фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёт кору фаъолият намуда, ба Ватану миллати хеш хизмат намуда истодаанд. Аммо, ҷавононеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки ватану миллат ва сарзамини аҷдодӣ, шарафу нангу номуси ватандорӣ барояшон арзише надорад. Бинобар ин аз муқаддастарин қарзи фарзандӣ - дифоъ аз шарафу номуси Ватан, яъне хизмати Модар-Ватан саркашӣ мекунанд. Барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Он як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Ин ҳама эҳсосро бошад,  наслҳои рӯзгордида ва таҷрибаи ҳаётдида бояд дар дили ҷавонон бедор намоянд.

Насли ҷавони имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, Сарвари мамлакати худ, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст, бирасанд. Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи худ вафодор бошанд.

Баҳодур  Хайруллозода,  мудири шуъбаи таблиғот ва  иттилооти   КИ  ҲХДТ дар шаҳри Норак