83138 2-40-07

Паём дар меҳвари фаъолият

Норак: Андеша  

Истифодаи Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба устувор нигоҳ доштани оила, садоқату муҳаббат ба оилаи хеш, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ,эҳтроми калонсолон,эҳтироми аъзои оила , эҳтроми фарҳангу таммадуни хеш , баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, нақши зан-модар дар бунёди ҷомеа  чандин суханҳои таъсирбахшро иброз намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки  мо бояд ҳамеша босабру ботаҳаммул бошем, дар оила, дар каму беши  зиндагӣ ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба фарзандонамон ғамхорӣ намуда, тарбияи хуб диҳем, ба духтаронамон ҳунару касб омӯзем, соҳибмаълумоташон гардонем.

Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла, дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назар  Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Махсусан мо, занону бонувонро боиси ифтихор аст, ки имрўз сарвари давлат дар уҳдадориҳои давлату давлатдорӣ ба  занону бонувон боварии хоса зоҳир  намуаанд.

Аз ин  рў,  мо бонувону занонро мебояд, ки ба ин боварию  ғамхориҳои сарвари давлатамон нисбати  занону бонувон бетарафи зоҳир нанамуда, ҷавобан ба ҷонибдорию  ғамхориҳои сарвари давлатамон содиқона ба миллату давлати хеш хизмат намоем ва сараввал ҳамчун модар, ки тарбияи дурусти ояндаи миллат дар дасти мост, фарзандонамонро дар рўҳияи ватандўстӣ, якдилӣ, бародарию бароабрӣ ва  қадр намудани ҳар як муқадасоти миллӣ, ободу осуда намудани ҳар як  гўшаи  сарзамини тоҷикистон биҳиштосоро сармашқи корӣ хеш намоем.

Мо бояд як нуқтаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад, ободии хонадон, осудагии фарзандон, сарзабзии ҷовидон маҳз бо қувваи зан-модар сахт вобастагӣ дорад. Меҳру муҳаббати зан-модар сарчашмаи хушкнашаванда ҳаёти оламу одам мебошад.

Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунанд, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо. Ватан  барои ҳар як инсони комил хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихори инсонӣ аст. Ватан дар рӯзгори ҳар як шахси ватандори бонангу номус  маънои васеъ дорад.  Дар оғӯши Ватан ҳазорон диёру шаҳр ғунҷидааст ва Тоҷикистон  ҳам як ҷузъи он аст. Ватан ҷойест, ки хуни нофи навзод он ҷо мерезад ва тифлро баробари  Модар  дар оғӯш мегирад. Инсони ватандор бояд бо ҳазор риштаи аёну ноаён ба Ватан  пайвастагии самими дошта бошад, ба дараҷае ки худро бе ин макони муққадас тасаввур карда тавонад.

Мафҳуми Ватан маънои мушаххасро  касб мекунад ва аз хурдтарин ашё, сангу кӯҳ, қатраи обу пораи хоки диёр, зодгоҳ, хонаи падар сар шуда, ба Ватан умумӣ ва ягона-Тоҷикистон пайванд мегирад

Ин суханҳо, ғамхориҳо ва насиҳатҳои  падаронаи Ҷаноби Олиро   дар зиндагии хеш бояд  сармашқи кори худ намоем.

Президенти Маҳбуби  Мо! Дар Паёми навбатии хеш, ки санаи 23-юми декабри соли 2022  баргузор  гардида буд. Дар бораи эҳтироми падару модар, эҳтироми марзу буми Ватан , тарбияи дурусти  фарзандон,   омода намудани ҷавонон дар бунёди оилаи солим, ояндаи дурахшони онҳо  саханҳои басо ҷолибро қайд менамоянд, зеро ки сутуни устувори ҷомеа ин оилаи солим, фарзандони солиму ихтисоманд мебошад. Ахлоқи некуи ҳар кас аз ҳурмати падару модар сарчашма мегирад. Худованди бузург ба мо  таъкид кардааст, ки хизмата падару модарро ба ҷо оред ва ҳурмат кунем.

Аз ин рӯ, мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем ,ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асостарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои  “Ватандӯстӣ”,  ”Устувории оила” ва “Эҳтироми падару модарон”-ро шиори кору фаъолияти    ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Солиева Зайнаб,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак