83138 2-40-07

САБАҚҲОИ ТАЪРИХӢ ВА САҲМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ КИШВАР

Норак: Андеша  

"Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст.  Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ - хоҳ дурухшон бошад, хоҳ тира сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муаян бисозад".  Эмомалӣ Раҳмон

Китоби академик Бобоҷон Ғафуров шоҳасари безаволи ӯ " Тоҷикон" воқеан барои ташаккули миллати тоҷик хизмати арзанда намуд.Дар ин китоби" Тоҷикон" таърихи гузаштаи мардуми тоҷикро зарра - зарра ҷамъ оварда ва ба оламиён исбот намуданд,ки тоҷикон қадимтарин миллат дар рӯи замин соҳиби марзу буми аҷдодии худ буданд ва ҳастанд.

Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузашта, имрӯза ва ояндаро пешорӯи мо қарор медиҳад ва моро вазифадор мекунад,ки аз гузаштаи худ бохабар шуда,ояндаи дурахшони давлати худро муаян созем.Баъд мо метавонем барои ободию сарсабзии Ватани худ саҳмгузор бошем.

Воқеан таърихи давлату давлатдории тоҷикон ба ҳазорсолаҳои басо дур мерасад,аз давраҳои асотирӣ,ки давраи подшоҳии сулолаи Пешдодиён мебошад.Баъди ҳуҷуми арабҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон давлати Тоҳириён ва дертар Саффориён арзи ҳасти намуданд,ки аз қудрату давлатдорӣ аз давлати Сомониён ками надоштанд.Хушбахтона давлати Сомониён тавонист як давраи муаяне давлати пурқуввати муттаҳидкунандаи халқи тоҷик,ки дар ин давра эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои моддию маънавии миллати тоҷик гардид.Давлати Сомониён бори дигар тавонист миллати тоҷикро бо фарҳангу маданияти пешрафтаи замони худ ба ҷаҳони мутамаддин нишон диҳад.Шаҳри Бухорову Самарқанд яке аз шаҳрҳои пешрафта ва макони ҳунару ҳунарманди шинохта шуда буд ва маданияту фарҳанги тоҷикро ба як авҷи камолот расонида буданд,ки имрӯз мояи ифтихори мо мебошад.

Ҳар як миллату давлат аз таърихи гузаштаи худ сабақи таърихи мегиранд ва барои оянда як нақшаи нек мегузорад.Давлати Сомониён дар тӯли фаъолияти худ тавонист хотираҳои хуберо барои давлатдории имрӯза гузорад.Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дарк намояд,ки таърихи пурғановати миллати тоҷик ифтихор ва сарбаландии мо буда,ҳар яки моро водор месозад,ки аз он бохабар бошем.Кушиш намоем,ки ба мононди гузаштаи худ барои ояндагон давлату давлатдории бузургеро бо Роҳбарии Пешвои муаззами миллати худ гузорем ин вазифаи ҳар инсони комил мебошад.

Баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ватани азизамон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад.Дар ҳамон вақт барои миллати тоҷик давлати ҷавони Тоҷикистон шахсе лозим буд,ки зимоми давлатдориро ба дасти худ гиранд ва давлатро аз вартаи нобутшави раҳои бахшад.Хушбахтона ба сари ҳокимият фарзанди фарзонаи миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар шаҳри Хуҷанд дар қасри Арбоб баргузор гардид, Пешвои муаззами миллатро ҳамчун роҳбари давлат интихоб намуданд.Аз савганди аввалини худ,ки "Ман ба Шумо сулҳ меоварам ва то нафаси охирин барои миллату давлати худ хизмат мекунам".Ба ҳамаи мо маълум аст,ки Роҳбари давлат тавонист миллатро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳои бахшад,гурезагонро ба ватан баргардонад ва бори дигар Пешвои муаззами миллат дар ҷаҳон исбот намуданд,ки миллати тоҷик,миллати қадимтарин, тамадунофар, сулҳпарвар, халқпарвар соҳибтамадун аст.Таҷрибаи сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳморо дар арсаи байналмилали омӯхта истодаанд ва барои дигар давлату миллатҳо дар ҷаҳон омӯзонидаисодаанд.

Хушбахтона 6 - ноябри соли 1994 конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,27 - июни соли 1997 созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва дигар воқеаҳои бузург бо Роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст,ки боиси пешравӣ ва ободию сарсабзии миллати тоҷик дар даврони истиқлолии кишвар гардид.Имрӯз ифтихор аз он мекунем,ки бо ҷаҳду талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат тамоми соҳаҳо пеш рафта, тинҷию ороми дар давлатамон ҳукмфармо мебошад.Хизматҳои Пешвои муаззами миллат барои мардуми тоҷик бесобиқа буда,бо эълон гардидани Соли 2018- рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,Солиҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,инчунин таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои шаҳруку деҳоти мамлакат куллан дигаргун гардид.Амр,дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд,ки дар тамоми соҳаҳо пешравӣ,созандагӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон шуд.Бевосита заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат буд,ки ба ҳар гушаю канори мамлакат сафар кунем,мебинем,ки дар он ҷо корҳои ободонию созандагӣ рафтаистодааст,ин ҳама соҳандагиҳо нишонаи тинҷию амонии Ватани азизамон мебошад.

Хизматҳо роҳбари давлат буд,ки дар арсаи байналмилалӣ,танҳо панҷ пешниҳоди Пешвои муаззами миллат дар Соҳаи об ва иқлим аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.14 - декабри соли 2022 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қатънома қабул гардид,153 давлати узви СММ пешниҳоди Роҳбари давлати моро қабул карда,"Соли 2025- соли ҳифзи пиряхҳо" эълон гардид ва баъди соли 2025 ҳар сол 21- март " Рӯзи ҳифзи пиряхҳо" ҷашн гирифта мешавад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ дар Паёми навбатии худ ба мардуми шарифи Тоҷикистонироа намуданд,ки "Мо ҳастаи ядрои надорем,вале бузургии миллати тоҷик аз ваҳдат ва сарҷамъии аст,ки баробар ба ҳастаии ядроист"!! Ҳамаи ободию сарсабзӣ миллати тоҷик аз ваҳдат ва заҳматҳои шабонарӯзии абармарди арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пештара бояд ватанро зиёд дӯст дорем ва барои пешравии он кӯшиш намоем." Ин ватан аз мост ба ғайр аз мову шумо касе омада аз берун обод намесозад".Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамои мову Шумо буда,ҳар яки моро водор месозад,ки ватанро бо амали неки худ дӯст дорем ва барои пешравии он пайваста сайю талош намоем.

Зуҳро   Ҳакимзода,  аъзои  фаъоли  ҲХДТ дар шаҳри Норак