83138 2-40-07

ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ – ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ

Норак: Андеша  

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Ниёгони мо ҳамчунин ба маънии “Парчам”бештар аз калимаи дирафш ё дирафши коваёнӣ истифода кардаанд. Дирафши коваёнӣ – парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз Пешдодиён то Сосониён буд. Бархе аз муаррихон нахустин  парчами миллии мо, яъне дирафши коваёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳок бархост ва пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод.

Парчами миллии мо, ки дар заминаи парчамҳои қадимии миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шудааст, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст. Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар, ранги сабзи парчам рамзи саъйю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам аст, маънидод мешавад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чун рамзи кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон муждагонӣ медиҳад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамҳизбиёни азиз ва тамоми тоҷикистониёнро, ки  дар остонаи ин ҷашни фархунда –Рӯзи Парчами давлатӣ қарор дорем, самимона муборакбод мегӯям. Орзумандам, ки ба бахти мо давлати ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо бо ҷоннисориҳо ва ҷонфидоиҳо ба ин рӯзҳои нек расидаанд, бо парчами миллии худ дар фазои сулҳу салоҳи имрӯзу фардои Тоҷикистони азизамон парафшон бошанд.

Шаҳло Ҳасанзода  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак