83138 2-40-07

ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ – ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ.

Норак: Андеша  

Сараввал ҳамватанони азиз, ҳамаи шуморо бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба Шумо саломатӣ ва дар фаъолияти кориятон бурдбориҳо таманно менамоям.

Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд.

Хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ - яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯроии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд, ки имрӯз мо аз он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем.

Зеро, он айём барои мо аввалин рӯзҳои эъмори соҳаи нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳалаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон буданд.

Соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бошукуҳу тантана таҷлил мегардад.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх - озодиву истиқлол, ранги сафед - сулҳу оромӣ, ранги сабз - ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти таммаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баландтарин буда, тӯли матоъи рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноияш ба 30 метр баробар мебошад. Мехоҳам бори дигар хотирнишон созам, ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамион, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмиллилӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгир гардидааст, ки ин бегумон мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Парчами давлати барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчам пешниҳод карда буданд, ки ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, инчунин бо назардошти нақшу моҳияти он дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум яке аз майдонҳои пойтахти мамлакат бо номи майдони Парчами миллӣ номгузорӣ гардад.

Дар баробари ворид шудан ба ин мавзеъ эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллиии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик боз ҳам бештар гардида, онҳо минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд ва бо муҳаббату садоқат ба Ватан барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъюу талоши бештар мекунанд.

Ҳамчунин ба ҳар як фарди бо нангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар мурочиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд.

Дар охир орзумандам, ки Парчами миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми

муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ва ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад. Ва чуноне ки Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад».

Бори дигар ҳамаи шумоёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид менамоям, ки Парчами миллиро эҳтиром ва барои поку муқаддас нигоҳ доштани он омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштани таъриху суннатҳои халқи худу кишвари худ мебошад.

 

Зоирзода С. - Вакили Маҷлиси вакилони  халқи  шаҳри  Норак