83138 2-40-07

Бо роҳкушоии ин санаҳои муҳим Тоҷикистон ба сӯи ояндаи дурахшон раҳсипор аст

Норак: Андеша  

Моҳи ноябр барои миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёри демократии ҳуқуқбунёд саршори санаҳои таърихию тақдирсоз аст. Аз оғози ин моҳи муборак то ба анҷом барои миллати тоҷику Тоҷикистон роҳи ояндаи дурахшонро кушод. Месазад, ки ин моҳи ноябрро дар Тоҷикистони азизи мо моҳи пурфайзу бобаракат ва моҳи наҷоти миллату давлат номид. Зеро 6 ноябр рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 ноябр рӯзи таъсисёбии ҳомиён ва ба танзимдаровардагони тартиботи ҷамъиятӣ-милитсияи тоҷик, 16 ноябр санаи търихии тақдирсоз барои миллати азияткашидаи тоҷик Сесияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 ноябр рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон.        

Дар ҳақиқат ин санаҳои таърихӣ барои мо тоҷикистониён тақдирсозанд. Агар ҳар як санаи таърихиро дар моҳи ноябр тафсиру таҳлил кунем даҳо ҷилд китобу рисолаҳо мешаванд. Ба андешаи ман ин моҳ барои ҳар як фарди тоҷику тоҷикистони моҳи азизу гиромӣ бошад ва қарзи якояки мо аст, ки хусусияту муҳимияти ин моҳи таърихиро қадр кунем, ҳамчунин муҳтавои ин санаҳои таърихиро барои ояндагони худ бо ҳарфҳои заррин дақиқи кунем.

Ба тамоми мардуми Тоҷикистону тоҷикони дунё ин санаҳои тақдирсозро табрик мегӯям. Бо роҳкушоии ин санаҳои муҳим Тоҷикистон ба сӯи ояндаи дурахшон раҳсипор аст ва итминони комил дорем, ки дар ояндаи наздик Ватани маҳбуби мо қуллпҳои баландтаринро аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ фатҳи менамояд.

Тоҷикистон ба пеш, ба сӯи ояндаи дурахшон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Набиев Суҳроб, аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак