83138 2-40-07

Иҷлосияи тақдирсоз

Норак: Андеша  

      Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ –сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аввалин қадамҳо гузошта шуданд. Мардум ба аҳамияти тақдирсози он арҷ мегузоранд ва заҳмати бузургу талошҳои вакилони ҳамонвақтаро барои оромию субот қадрдонӣ менамоянд.

        Агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисаҳои рӯзҳои аввали истиқлолияти Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи таърихии ХVI сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад ва ин таърихи миллат ва халқи кишвар  бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайванди ногусастанӣ дорад.

        Маҳз дар Иҷлосияи таърихии ХVI-ум Сарвари давлат ҳамоно баъди интихоб шуданашон аз мардуми саросари кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар атрофи ғояи “Тоҷикистони соҳибихтиёр-Ватани маҳбубу ягонаи мо” ба ҳам омада, муттаҳиду якдилу яктан шаванд. Хушбахтона, тамоми сокинони мамлакат ин даъватро сарҷамъона пазируфтанд ва барои барқарорсозии сохторҳои қонунии кишвар камар бастанд. Марҳилаи нави ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар мамалакат аз ҳамин давра оғоз гардид. Бинобар ин, мардуми кишвар Иҷлосияи мазкурро тақдирсозу ҳалкунанда меноманд.

       Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамин Иҷлосия  рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон-Парчам ва Нишони давлатӣ қабул ва тасдиқ шуданд, ки ин аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номус дар ҳамон давраи муташанниҷ дарак медод.

     Мардуми шарифи Тоҷикистон дар тӯли 30 соли баъди Иҷлосияи таърихӣ тавонист, ки ҳама гуна пастию баландиҳо, буҳрону мушкилот ва ниёзмандиҳоро пушти сар намуда, Тоҷикистонро ба як кишвари осуда, орӣ аз нобасомонию ҷангу ҷидол ва фитнаю дасисаҳо табдил дода, фазои сулҳу суботро таъмин намояд.

  Сафарова Аслия, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  Норак