ВОХУРИ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ҲХДТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ КӮЧАИ БАНОМИ ИСМОИЛИ СОМОНИ

Муъминобод:  

Санаи 12-уми соли ҷори дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод оид ба баргузор намудани суҳбату мулоқотҳо бо    аъзои ташкилоти ибтидоии Кӯчаи баноми и.Сомони доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2023-2024, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  риояи қонунҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Муъминобод бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳияви Суҳроби Бозорали суҳбату мулоқот доир карда шуд. Дар идомаи вохӯрӣ  Суҳроби Бозорали вобаста ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҲХДТ дар тули фаъолияти худ тавонист ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худро дар тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ татбиқ намуда, мавкеъ ва нуфузи худро миёни мардум боло бардорад. Қайд гардид, ки ҲХДТ ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кушиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст. Ҳамзамон, мавсуф вобаста ба фаъолияти корҳои дохилиҳизбӣ, рисолати аъзои ҳизб дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.