АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «30-СОЛИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ БО ҲХДТ»

Муъминобод: Созандагони ватан  

Санаи 12-уми июни соли ҷори дар маркази ноҳияи Муъминобод аксияи ҳизбӣ зери унвони «30-соли созандагиву бунёдкорӣ бо ҲХДТ» доир карда шуд. Дар аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо ҷалби аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»  ба кӯчаҳои марказии ноҳия баромада бо сокинон суҳбат оростанд. Зимни суханрони қайд гардид, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро дар давраи сарнавиштсоз шуруъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан талош варзида, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ ва таъмини ояндаи неки кишвар аст.