РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю зебо гардонидани маҳалли зист ва сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Муъминобод бо маром идома доранд. Сокинони ноҳияи Муъминобод бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи комил баҳри ободию тозагии муҳити атроф ба ҳашарҳои дастаҷамъона баромада, барои ободии диёри хеш саҳми арзанда гузошта истодаанд.