ШУКРОНА АЗ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР МЕКУНЕМ!

Муъминобод: Вокуниш  

Аз таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон валангор гашта, мардум гӯшнаю ташна ва бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекарданд ва ба ояндаи неки ин давлату миллат умед надоштанд. Зеро нооромию ҷангу хунрезӣ мардумро роҳгумзада карда, тарсу ваҳм боварӣ ба ояндаи дурахшонро дар дили онҳо хомӯш карда буд.

Аммо, хушбахтона, бахт ба рӯйи мардуми тоҷик хандид ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ фарзанди фарзонаи кишвар, марди майдон ва ватандӯсти асил, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун роҳбар ба халқи тоҷик тӯҳфа намуд.

Замоне ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, касе ба ӯ ва ба ояндаи нек бовар надошт. Зеро чандин нафароне буданд, ки аз таҳдиду тарси душманон танҳо як ҳафта ва ё як моҳ роҳбарӣ мекарданду халос. Аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷидду ҷаҳд ва заҳмату талош бо он ҳама мушкилӣ мубориза бурд. Баҳри ободӣ ва оромию осудагии мардум шабу рӯз талош варзид. Мардумро гирди хеш ҷамъ намуда, ваъда доданд, ки ман ба ин Ватан сулҳ меоварам ва Тоҷикистонро обод мекунам. Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал мардуми фирориро ба ватан баргардонда, сохти давлатдориро дигар карда ва Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон кард.

Баъд аз оне, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариққи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ марҳила ба марҳила ба пешравию музаффарият ноил гашта, истиқлолияти бузург, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро соҳиб гашт.

Инак, тӯли зиёда аз 32 сол шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комил пойбарҷост. 32 сол шуд, ки мардуми тоҷик дар фазои орому осудаи Меҳан хушбахтона зиндагӣ доранд ва ҳамеша аз сулҳу ваҳдат ва пешравию зебогии ин сарзамин ифтихор мекунанд. Зеро ин 30 - соли бобарор ба мардуми тоҷик, пеш аз ҳама, оромию осоиштагӣ ва давлати соҳибихтиёрро ҳадия намуда, кишвари моро ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гардонд. Ин пешравию ободӣ сабаб гашт, то мардуми азиятдидаи тоҷик сарҷаъм шуда, зиндагии осудаеро дар канори Ватан ва азизон ихтиёр намоянд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби зиёда аз 150 давлати ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва пешрафта эътироф гардида, дар ҳалли бузургтарин масъалаҳои глобалӣ ҳамчун ташаббускор дониста мешавад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо тадриҷан рушд намуда, пешравию дигаргунӣ сол то сол дар ҳама самтҳои сиёсати мамлакат ба назар мерасад.

Сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат ҷавононро тақдири имрӯзу ояндаи давлат дониста, баҳри рушди маънавӣ ва ҷисмонии онҳо тамоми шарити мусоидро фароҳам сохтааст. Аз ин рӯ, ҷавонони мо дар ҳама самт рушд намуда, ҷиҳати пешрафту ободӣ ва муаррифии ин Ватан чӣ аз ҷиҳати илму дониш, чӣ аз ҷиҳати кор дар сиёсат ва варзиш, инчунин омӯзиши илмҳои муосир нақши муассир гузошта истодаанд.

Мо – ҷавонони хуштолеи ин сарзамин бояд бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодӣ ва шароити фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва ҳифзи Ватан аз хоинону душманон паҳлуи ҳам истода, то охирин нафас мубориза барем. Чунки бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки зурии мушт - аз ваҳдати панҷ ангӯшт.

 

 

Азимов МАЪРУФ,

аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод