МО, ҶАВОНОН ВАТАНДӮСТИРО АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ХЕШ ОМӮЗЕМ!

Муъминобод: Андеша  

Халқи тоҷик миллати навбунёд набуда, таърихи ҳазор солаҳоро дорост. Таърихи давлату миллати хешро донистан вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар як миллатро аз таъриху забонаш мешиносанд. Бояд мо ҷавонон вақти пурқимати хешро самаранок истифода бурда, саҳифаи гузаштаи таърихи хешро варақ занем ва  аз давлатдории Ҳахоманишинону Сафориён то Сосониёну Сомониён маълумот пайдо намоем.

Ба мову шумо маълум аст, ки Исмоили Сомонӣ асосгузори давлати тоҷикон буд. Баъд аз барҳам хурдани давлати Сомониён мушкили чандин соли ҳаёти халқи тоҷик  дар давраи шуравӣ боз як вилояти мухтори тоҷикон бо номи Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон таъсис ёфт. Ҷомаи орзуҳои чандин солаи мардуми тоҷик баъд аз пошхурдани давраи шурави соли 1992 бо далерию ҷасурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  давлате, ки дар оғуши ҷанг гирифтор буд, гирифта ба масоҳати 143,5 кв аз як вилояти мухтор ба як давлати демократи ҳуқуқ бунёд, ягона бо номи Тоҷикистон бунёд намуд. На ҳар як шахсият дар вақти ҷангу хунрезиҳо ҷуръат мекунад, ки гурезагонро ба ватан баргардонад, ба дигар давлатҳои ҷаҳон дӯсти барпо кунад, бо душманони миллат муомила барқарор намояд, барои доштани тинҷиву ободии кишвари азизамон, сайю талоши хешро дареғ надорад. Ин далериаш буд, ки тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи шурои намояндагии халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардида, пас аз чандмоҳаи ҳамин сол дар Иҷлосияи таърихи давлати 16 Шурои Оли интихоб гардид.  16 ноябри соли 1994 дар интихоби умумии халқи Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд то ҳол ба вазифаи  хеш устувор ҳаст. 

Додихудо Холмадзода,

аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод