ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ ВА ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ “БОҒИ ҲАБИБ”-И НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар ҳар сол олимпиадаҳо баргузор мегардад.

Дар рафти пешвозгирии хонандаи Гимназияи давлатии “Боғи Ҳабиб”-и ноҳияи Муъминобод намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Муъминобод, намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳия мудир ва кормандони шуъбаи маориф, шуъбаи фарҳанг ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.