ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МУЪМИНОБОД АКСИЯИ ТОЗАГИИ СОҲИЛ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР” ДОИР ГАРДИД

Муъминобод:  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои роҳбарияти болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати корҳои ободонию созандагӣ ва истиқбол аз ҷашнҳои миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Муъминобод Аксияи тозагии соҳил гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории аксияи мазкур ин тозагии муҳити зист аз ҳаргуна партовҳои маишӣ, пешгирии бемориҳои сирояти ва ба ин васила тарғиби тарзи ҳаёти солим тозаю озода нигоҳдоштани соҳили дарёҳо мебошад.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод Мирзошарифзода Сабоҳат дар амалишавии аксияи ҳизбии " Тозагии соҳил" иштирок карда, ба аъзоёни фаъоли ҳизб, ки дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона ширкат варзиданд, баҳои баланд дод.