МОРО БА ДАСТИ МО ЗАДАН ОЙИНИ ДУШМАНҲОИ МОСТ...

Муъминобод: Вокуниш  

Истиқлолият ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик буда, ин дастоварди миллӣ бо баҳои ҷони ҳазорон сарсупурдагони миллат ба даст омадааст. Бо варақгардон намудани саҳифаҳои таърихи навини тоҷик комилан аён мегардад, ки халқи тоҷик дар даврони барои таърих бисёр ҳам кутоҳ дастовардҳои беназиреро ба даст овардааст. Имрӯз ҳар як фарди солимфикр бояд ин маъниро амиқ дарк намояд, ки ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ қарз ва вазифаи ҳаётан муҳими ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад.

Ҳама гуна хатар ба Истиқлолият ва амнияти давлатро ҳар як шаҳрванд бояд бо бархурди ҷиддӣ қабул намуда, барои пойдории сулҳу субот ва пешрафту тараққиёти кишвар амалан саҳмгузор бошад.

Имрӯз барои ҳар як сокини сайёра маълум аст, ки терроризм ва экстремизм хатарҳое мебошанд, ки ба амнияти ҳар як давлату миллат таъсири ҷиддӣ расонида ба масъалаҳои геополитикӣ сахт тавъам мебошанд.

Воқеияти ҷаҳони имрӯза нишон медиҳад, ки ба маънои геополитика абарқудратҳо, зери пардаи манфиатҳои миллиашон, тобиши нисбатан дигарро додаанд. Яъне абарқудратҳо сиёсати берунаи худро нисбати давлатҳои дигар дар асоси факторҳои географии он аз қабили: ҷойгиршавии географии давлат; тӯли сарҳади давлатӣ ва хусусиятҳои хоси маҳалли тӯлкашии он; иқлим ва захираҳои табиии давлат ва монанди инҳо ба роҳ монда, барои мустаҳкам намудани мавқеи геополитикии худ аз тамоми омилҳо истифода мебаранд.

Яке аз ин омилҳо-ин зери ниқоби манфиатҳои миллиашон ҳавасманд гардонидани гуруҳҳои экстремистиву террористӣ мебошад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки маҳз манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо кишварҳои нисбатан камқудратро ба лонаи терроризм ва экстермизм табдил додаанд.

Бо бардошти ин мушоҳидаҳо мо бояд дарк намоем, ки терроризм ва экстремизм аз хатарҳои ҷиддитарин барои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паст намудани нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд.

Аз ин лиҳоз, мубориза бо терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба созмонҳои террористию экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо аз муҳимтарин вазифаҳои аҳли ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбад.

 

 

Сайрамбӣ Ҷалилова, раиси КИ ҲХДТ дар нохияи Муъминобод