КӮМАК БА НИЁЗМАНДОН АМАЛИ ХАЙР МЕБОШАД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави ҳидоятҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат дар арафаи Иди саиди Фитр ба 35 нафар кормандони корхонаи фаръии манзилию комуналии ноҳияи Муъминобод санаи 9 - уми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби директори корхонаи мазкур Раҷабов Рустам орд, равған, гӯшт ва дигар маводҳои ғизоӣ тақдим карда шуд. Бояд қайд намуд, ки чунин кӯмакҳои хайрхоҳона ба дигар қишрҳои гуногуни ҷомеа, оилаҳои ниёзманд идома доранд.