КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “КАТС”

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю зебо гардонидани маҳалли зист  ва сазоваор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 35-уми солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

   Дар шанбегӣ аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КАТС” атрофи коргоҳи худро аз ҳар гуна алафҳои бегона, хазонбаргҳо ва дигар партовҳо тоза намуда, ба ин васила дар сарсабзу хуррамгардонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити гирду атроф ва тоза намудани назди коргоҳи худ саҳми худро гузоштанд.