БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВАЛЕЙБОЛ АЗ РӮИ УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ВА МАҲАЛ БА МАҲАЛ ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД.

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи  22-юми марти соли 2024 дар асоси нақша – чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии Бахши ҷавонон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод мусобиқаи варзишии волейбол аз руӣ усули деҳа ба деҳа маҳала ба маҳала байни наврасону ҷавонон доир гардид.

Дар идомаи чорабинии мазкур аз ҷониби иштирокдорон иброз гардид, ки ҷавонони кишвар вазифадоранд, ки аз шароиту имконоти фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар самаранок истифода бурда, кӯшиш намоянд, ки илму дониш ва касбҳои муосирро аз худ намуда, содиқона дар ободиву пешрафти Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар нақшгузор бошанд.

Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша пайи илму дониш бошанд. Кӯшиш намоянд, ки бо омӯзиш ва ихтирооти хеш дар рушду нумуъи ин сарзамин нақши арзанда гузоранд, зеро ин Ватан ба ҷавонон бовар дорад ва танҳо такя бар онҳо мекунад.