Тафриқаандозро хуш наомада бо ҳар роҳу восита тафриқа, ошубу ҷудонопазириҳо роҳандозӣ кардан мехоҳанд.

Муъминобод: Вокуниш  

Таърих исбот  намудааст, ки ҳар як давлат дар сурате бо низом пеш меравад, ки дастгиру пуштибони ҳам бошад, аз тарафи дигар шукуфоии Тоҷикистон, ободии диёр, неку аҳволии мардум ва шаъну эътибори ҷаҳонии миллати куҳанбунёди мо бо Ваҳдати миллӣ алоқаманд аст. Ваҳдати миллӣ бо ҳам омадани орзую омол, манфиатҳову ҳадафҳо ва азму ниятҳост. Ҳанӯз заминаи ба вуҷуд омадани Ваҳдати миллиро Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд ва дар он боре чунин ибрози андеша намудаанд.. Мо вазифадорем аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад аслан арзиш надорад. Кишвардории Сарвари давлат дар роҳи неруи фардосоз, бунёдкору созанда, ҳимоятгари манфиатҳои милату Ватан ҳидоят намуда, дар андешаашон тафакури солим парварда ғурури  Ватандориашонро боло бурд ва пайрави Пешвои миллат шуданро водор сохт. Ҳар  як шаҳрванди соҳибақл  бояд дарк намояд, ки Ваҳдату ягонагӣ муассиртарин воситаи мубориза бар зидди ҳаргуна зуҳуроти номатлуб мебошад, бинобар ин Ваҳдат як қувваи воҳид будани ҳамаи мо Тоҷикистониён аст.

    Таи солҳои охир зиддияти байни давлатҳо оид ба масъалаи иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ, низоҳои дохилӣ ва беруни тезутунд шуда истодааст.

     Аммо Тоҷикистон ҳамчун  давлати мустақил, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро дар асоси қонунҳои қабулгардида  ба роҳ монда, муносибатҳои худро бо кишварҳои дусту ҳамсоя густариш медиҳад. Махсусан муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон аз қадимулаём решаҳои қавию мустаҳкам дошта имрӯз ҳам бо ҳидоятҳои сарони ин кишварҳо ҷилои тозатаре касб кардааст. Мардуми тоҷик адабиёти халқҳои Қирғизу Туркман, Қазоқу Ӯзбекро ба забони давлатӣ меомӯзанд ва чун мояи хеш гиромӣ медоранд. Адабиёт, фарҳанг ва санъати  миллати ин кишварҳо бо фарқияти на чандон беш шабеҳи якдигаранд. Ин дустона зистанҳо гуруҳҳои манфиатхоҳи тафриқаандозро хуш наомада бо ҳар роҳу восита тафриқа, ошубу ҷудонопазириҳо роҳандозӣ кардан мехоҳанд. Мо дар як андешаем:

 

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор дорад

 

Дӯстона зиндагӣ кардан шарафи мост.