ВОХӮРӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ҲХДТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БАНОМИ Н. НАЗАРОВ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод оид ба баргузор намудани суҳбату мулоқотҳо бо аъзои ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти баноми Н. Назаров доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2024-2025, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  риояи қонунҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои муҳим бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияви Раҳимов Фурқат суҳбату мулоқот доир карда шуд. Қайд карда шуд, ки хизмати Ватан – Модар яке аз вазифаҳои муқаддас ва асосии ҳар як ҷавон ва сокини мамлакат ба ҳисоб рафта, ҷавононро зарур аст, ки баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ва посдории сулҳу субот дар мамлакат ҳамеша омода бошад. Чун, ки ояндаи неки ин сарзамин аз ҷавонони донишманду шуҷо  вобастагии махсус дорад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар барои таълиму тарбия ва хизмати ҷавонон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ тамоми шароити созгорро муҳаё намудааст. Дар идомаи  вохӯрӣ аз ҷониби баромадкунандагон доир ба фаъолият ва пешрафту бунёдкориҳои ҲХДТ дар 29 соли ҳукмронӣ сухан ронда, иброз намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сафи худ нерӯи тавонои зеҳниву ақлонӣ, намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ, зиёиён, коргарон, кишоварзон, занону ҷавононро муттаҳид намуда, ба як қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст. Яке аз маҳбубияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин манфиатҳои Ватану миллат, ҳимояи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва суботи ҷомеаро ба мақоми аввал гузошта, таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.