Таҳдидҳои ҳизбҳои сиёсии тераристӣ

Муъминобод: Вокуниш  

 Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, фазои сиёсии кишварҳои пасошуравӣ тағйир ёфта бархурди тамаддунҳо оғоз гардид. Вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маданӣ ва динӣ- мазҳабӣ куллан тағйир ёфта, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ ба монанди “Ал-қоида”, “Толибон”, “Ҳизбуттаҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Салафия”, Ҳизби наҳзати ислом” ва ғайра барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои ғаразноки худ аз ин фазои ба амаломада истифода бурданд.

     Он солҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузашта, сари кор омадани наҳзатиҳо, қатлу куштор, фирори гурезагон, нооромиҳои сиёсӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири насли калонсол нарафтааст ва барои насли ояндасозӣ миллат сабақе хоҳанд шуд.

  Айни ҳол дар ҷаҳон шаклҳои зерини терроризм амал мекунанд

1.Терроризми сиёси

2. Терроризми кибернитикӣ

3. Терроризми миллатгарои

4. Терроризми технологӣ

5. Терроризми динӣ

6. Терроризми ҷиноӣ.

   Бинобар ин моро мебояд, ки суханони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти рӯзмарраи худ гардонем:

  “Тарбияи фарзанд рисолати муқаддаси волидон буда, таҳкими оила, таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа ва пойдевори тамаддунҳо ба шумор меравад”.

Каримова Миҷгона мутахассиси бахши омор ва махзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод.