САРФАРОЗ ГАРДОНИДАНИ СИПОСНОМАҲО АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯ БА ЯК ҚАТОР МОДАРОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод бо иштироки узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, раиси ноҳияи Муъминобод Амирзода Сайвалӣ Раҳмонали, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, аъзои Ташкилоти Ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, занону бонувони фаъоли ноҳия ва модарони рӯзгордида бахшида ба Рӯзи Зан – Модар чорабинии бошукӯҳ баргузор карда шуд.

Дар оғоз раиси ноҳияи Муъминобод Амирзода Сайвалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, занону модарон, бонувону фаъолон ва дар симои онҳо тамоми модаронро ба ин санаи муборак самимона табрик намуда, қайд карданд, ки Зан – Модар олиҳаи зиндагӣ, сарчашмаи ҳаёт ва пешбарандаи давлату миллат аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат ба зан ва модари тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, сол то сол сафи онҳоро дар корхонаю ташкилотҳои давлатӣ зиёд намуда истодаанд. Зеро маҳз зан – модар метавонад, ки бо як дасташ гавҳора ва бо дасти дигараш дунёро такон диҳанд.

Раиси ноҳия аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои  Роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба зан ва бонуи тоҷик ёдовар шуда, иброз намуданд, ки  имрӯз занону бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳои  давлатӣ фаъолият намуда, бо қаҳрамониву созандагӣ ва бунёдкориҳо дар пешрафту ободии кишвари азизамон - Тоҷикистон нақши арзанда гузошта истодаанд.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур ба як қатор занони собиқадор ва бонувони фаъол аз ҷониби раиси  ноҳия Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар охир барномаи фарҳангии омоданамудаи санъаткорони ташкилоти ибтидоии бахши фарҳанги ноҳия хотири ҳозиринро бо сурудҳои модарона ва садоқат нисбат ба Зан - Модар  шод гардониданд.