Мубориза бо терроризм вазифаи шаҳрвандии мост.

Муъминобод: Вокуниш  

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба яке аз мушкилоти ҷиддиву тақдирсоз- таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид.  Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо  дар солҳои 1992-1997 мебошад. Маҳз фирефта шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ боис гардид, ки ба  ҳисоби  расми 160 000 сокини кишвар ҳалок шуда ҳазорҳо нафар  кудакон ятим гаштанд, ҳазорҳо нафари дигар  аз гуруснагӣ ва истеъмоли ҳар гуна  донагиҳо  ба ҳалокат расиданд. Миллионҳо нафар сокини осоишта  гуреза шуда  қисме дар  Афғонистон ба доми гуруҳҳои ифротӣ афтода нобуд гардидаанд. Бо вуҷуди ҳамин гуна  таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ  ҳоло ҳам бадхоҳони миллат  дини мардумро  бар зидди мардум  истифода бурдан мехоҳанд. Ба ин васила мехоҳанд ҷавононро ба доми  найрангу фиреб андохта  дар дили онҳо кинаву адоватро  пайдо намоянд. Дар тақвияти гуфтаҳои боло  бояд қайд намоем, ки дар масоили  мубориза ба терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ бетараф набуда пайваста дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа корҳои таблиғотиву  ташвиқотиро зиёд намоем. Мо вакилони мардумӣ бо мақсади ба омма расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таблиғотию ташвиқотиро зиёд намуда дар сафарбар намудани  мардум ба корҳои ободонию созандагӣ ва эмин нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ масъулияти шаҳрванди дошта бошем.Ҷиҳати амали намудани масъалаҳои дар боло зикршуда  ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ  ба Пешвои миллат талош бояд варзем, то он ҳама масъулияте, ки  дар роҳи ҳифзи  манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд сарбаландона иҷро намуда  бар зидди гуруҳҳои ифротӣ ва хоинони миллат муборизаи беамон бурда пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро вазифаи шаҳрвандии  худ дониста   баҳри таъмини сулҳу субот, оромии ҷомеа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум кору фаъолият намоем.

 

Марворӣ Муродова,             

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод