Модар идат муборак!

Муъминобод: Андеша  

Хостам дар бораи модар сатре бинависам. Барои тақвияти суханпардозиям ба китоби “Фарҳанги забони тоҷикӣ" муроҷиат намудам. Дар фарҳанг ба чор унсур ва се маволид бархурд шудам, ки ин чор унсур ва се маволид  дар маҷмуъ офаринандаанд.

Оре метавон дар офаринишу бурдборӣ модарро ба замин дар оромию покизагӣ ба об, дар гармию тобиш ба оташ ва ба бузургию матонат ба бод ташбеҳ дод.

Бисёр қиссаҳову ҳикматҳо аз шоирону нависандагони дунё дар бораи муҳаббату матонат, бузургию меҳрубонӣ, бахшандагиву  навозиши модар хондаам. Аммо касе то кунун наметавонистааст, ки модарро ончуноне, ки ҳаст пурра кушода бошад.

Ҳаминро дарк кардаам, ки модар ин ба азни Худованд офаранда, тарбияткунандаи насли ояндасози тамоми ҷамъиятҳои аввалин то ба охири дунёст.

Ҳеҷ чиз ва ҳеҷ мавҷудотеро наметавон ба модар ташбеҳ дод.

Модар, ман офаридаю парвардаи туам. То ҳастам санохони туям пеши ту сари таъзим хоҳам овард.

Самимона рӯзи идатро табрик хоҳам гуфт. Модар идат  муборак. 

Каримова Миҷгона мутахассиси бахши омор ва махзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод.