ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ КИСТ: ОИЛА, МАКТАБ, ВА Ё ҶОМЕА?

Муъминобод: Вокуниш  

Рафтору кирдори номатлуби наврасон, монанди гаштугузори шабона, бекоргарди истеъмоли маводи мадҳушкунанда, машғул гардида ба бозиҳои компютерӣ ва ғайра, ки волидонро ба ташвиш оварда буданд, баъди қабули ин қонун ба андозаи чашмрас ба самти дуруст баргардонида шуда, ин тадбирҳо идома доранд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки ҳадафи асосии он пешгирӣ ва назорати ноболиғон аз ҳуқуқвайронкунӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидайне мебошад, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд хунукназари зоҳир карда, дар бештари ҳолатҳо боиси аз хона баромада, бедарак шудани онҳо мегарданд.

Кудаконе ки аз хонаашон баромада ғайб мезананд, бештари онҳо аз оилаҳои ба истилоҳ носолим мебошанд.

Аз ҷумла оилаҳое, ки падар ё модар дар муҳоҷирати меҳнати қарор доранд ва ё мудом байни волидон хархашаву низоъҳои оилавӣ сар мезанад. Дар ин ҳолат бисёр кӯдакон дар зери тарбияи хешовандони наздик аммак ё бобову бибиашон мебошанд, ки истифода бурда, баромада мераванд.

Бояд гуфт, ки воқеати кӯдакони гумшуда моро ҳушдор медиҳад, ки фарзандонамонро пайваста назорат кунем. Бо киҳо дусти доштанашонро донему бо мактабу муаллимон дар алоқаи доимӣ бошем, то фарзандони мо чун насли сазовору ояндасоз ба воя расанд ва ҳамеша ба нафъи Ватану миллат хизмат кунанд.

ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД, АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲХДТ  ХУРШЕДҶОНИ ХОЛМУРОД.