Созмони хонандагон - яке аз бахшҳои муҳим дар таълиму тарбияи насли наврас!

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Созмони хонандагон - яке аз бахшҳои муҳим дар таълиму тарбияи муфиди насли наврас дар фаъолияти муассисаҳои таълимии кишвар ба шумор рафта, ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ, мусоидат дар ташаккули зеҳн ва маърифатнокии таълимгирандагон мебошад.

Бахшида ба 24 - умин солгарди Рӯзи таъсисёбии созмони хонандагони ба номи Исмоили Сомонӣ, 26 феврали соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и  ноҳияи

Муъминобод чорабинии тантанавии қабули аъзоён ба сафи созмони хонандагон, зинаи “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён” ва “Сомониён” бо иштироки як қатор меҳмонон – омӯзгорони собиқадор ва хонандагону омӯзгорони муассиса баргузор гардид.

Барои қабули хонандагон ба зинаи “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён”, “Сомониён” сараввал дастаҳо гузориш дода, савганд ёд карданд, ки “ойинома ва назомномаи созмонро риоя карда, бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоем. Ва барои хизмати халқу ватани хеш доимо тайёрем”.

Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ 26 феврали соли 2000 бо қарори Конфронси якуми ҷумҳуриявии созмон ташкил карда шудааст.